«ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!». Бунёди иншооти варзишӣ дар муқоиса ба 70 соли замони пеш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст

Сентябрь 11, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 768 иншооти варзишӣ мавҷуд аст, ки теъдоди он дар замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба 70 соли замони пеш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст. Натиҷаи чунин бунёдкориҳо ва ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта, бо шиори Пешвои миллати худ- «Тоҷикистон ба пеш!» Ватани азизи худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Яке аз онҳо Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе- иншооти азимест, ки бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфта, рамзи сарзамини обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистонро ифода менамояд.

Маҷмааи мазкур барои ҳавасмандгардонии варзишгарони мамлакат  бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода додани маҷмааи варзишӣ 21 июли соли 2020 иброз доштанд, ки «сармоягузорӣ ба рушди ҷавонону варзишгарон ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои онҳо — сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан ва пешрафти миллат мебошад».

Қасри варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардида, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад, ки дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква — аэробика — рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудаанд.


Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил медиҳад.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то калонсолон метавонанд ба тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуд ҳастанд.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар байни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардидааст, ки аз он ҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст шудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар даври чоруми Лигаи чемпионҳои КФО-2024/25 бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун рақобат мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи сенздаҳум чемпиони Тоҷикистон шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
Паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро доварӣ мекунад
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ маротибаи дуюм беҳтарин иттиҳодияи минтақавӣ дар Осиё эътироф шуд