««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Аз 12 то 22 сентябр даври сеюми озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки 1605 нафар довталаб оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.
Дар озмун соли равон довталабони зиёде иштирок намуданд.
Раиси комиссияи озмун ба аъзои ҳакамон дастур додааст, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шуд, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12 то 22 сентябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад






