ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қабулгоҳи электронӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо мақсади қонеъ гардонидани муроҷиати шаҳрвандон бо истифода аз воситаҳои муосири коммуникатсия қабулгоҳи электронӣ ба роҳ монд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки ин тасмим мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» гирифта шудааст.
Қабулгоҳи электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҷиҳати муҳокимаи масъала ва ё ҳалли мушкилот бо масъулини вазорат тамос гиранд. Акнун шаҳрвандон имкон доранд тавассути почтаи электронии вазорат бо суроғаи qabulgoh@mintrans.tj нома фиристода, ба роҳбари аввал ё муовинони ӯ савол диҳанд ва ё ба қабули бевоситаи онҳо худро номнавис намоянд.
Ҷавоб ба муроҷиаткунанда тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» давоми 30 рӯз омода мешавад. Посух ба саволҳои муҳим дар сомонаи расмии вазорат www.mintrans.tj ҷойгир мешавад, хабар медиҳад манбаъ.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






