Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати даҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Машварати даҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлия хабар доданд.
Дар машварат ҳамчунин вазирони адлияи Русия, Чин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар машварати вазирон мавзуъҳои навоварӣ дар фаъолияти вазоратҳои адлия, дурнамои ҳамкорӣ ва рушди соҳаҳои хизматрасонии давлатӣ ва экспертизаи судӣ байни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима гардиданд.
Пас аз ҷамъбасти машварат вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак ба имзо расониданд.
Инчунин 6 сентябр Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Жун мулоқот намуд.
Дар мулоқот самтҳои асосии рушди ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тарафҳо оид ба ҳолат ва сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори ақида намуда, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷониби Чин омодагии худро ба мусоидат ба такмили ихтисоси кормандон, аз ҷумла коршиносони экспертизаи судӣ-криминалистӣ, расонидани кумаки техникӣ ҷиҳати рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ изҳор намуд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






