14 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон 20 Регламенти техникӣ барои бехатарии молу маҳсулот қабул гардид

Октябрь 14, 2023 08:19

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо эътироф шудааст. Ба ин муносибат дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки масъулини соҳа ҳамоиш доир шуд. Бояд гуфт, ки стандартҳо мустақиман ба савдои хориҷӣ таъсир расонида, монеаҳои техникиро дар вақти дастрас намудани маҳсулот ба бозор кам менамоянд. Тибқи маълумот, 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобастагӣ дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ 20 Регламенти техникӣ қабул гардид, ки иҷрои талаботи он дар истеҳсолоту савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад. Риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ бо мақсаде аст, ки талаботи истеъмолкунанда пурра қонеъ шавад ва маҳсулоти ватанӣ талаф наёфта, бо сифати баланду ба солимии истеъмолкунандагон бехатар дастрас гардад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии Тоҷикстандарт Темурҷон Абдулваҳҳобзода иброз дошт, давоми  солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ масъулияти кормандони Агентӣ низ зиёд шуда, дар таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот нақши назаррас мегузоранд.

«Ҳоло дар бозори дохилӣ ҳазорҳо намуди молу маҳсулотро дастрас намудан имкон дорад, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд ва дар баробари ин бо сифати баланду қобили қабул мебошанд. Чунин дастовардҳо натиҷаи амалӣ гардидани стандартҳо дар рафти истеҳсолот аст. Соҳибкорони ватанӣ зарурати амалӣ намудани стандартҳоро, ки барояшон манфиати зиёд меорад, хуб дарк намудаанд. Онҳо дар доираи стандартҳои миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ фаъолият намуда, тавассути молу маҳсулоти хушсифати худ дар хориҷи мамлакат низ тавонистаанд нуфузу обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун давлати дар ҳоли рушд баланд бардоранд», -изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи мавсуф, бо гузашти солҳо робитаи Агентии Тоҷикстандарт бо давлатҳои пешрафта тавсеа ёфта, сабаби он шудааст, ки якчанд  стандартҳо дар соҳаҳои гуногун таҳия ва дар истеҳсолот амалӣ шаванд. «Мутахассисон муҳимтарин нуктаҳои таҳияи стандартҳоро аз рӯи таҷрибаи пешрафта омӯхта, талаботи онро дар қисмҳои он ҷой додаанд. Дар ин қатор метавон стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати молии «Пиёзи барвақтӣ», «Олу», «Хурмо», «Зардолу», «Лимӯ» ва ғайраро ном бурд, ки нуқсонҳои маҳсулотро муайян намуда, ҳамзамон ба боғдорону кишоварзон интихоби маҳсулоти босифату ба талабот ҷавобгӯ ва омилҳои нигоҳдории онро тавзеҳ медиҳанд. Барои омӯзишу баланд бардоштани Стандартҳои сифати молии маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо баъд аз қабули он бо кишоварзону боғдорон вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид, ки ба таври амалӣ ва аёнӣ онҳо бо ин ҳуҷҷатҳои муҳим шинос шуданд»,-изҳор намуд Темурҷон Абдулваҳҳобзода.

Мавсуф иттилоъ дод, ки Агентии Тоҷикстандарт аъзои Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсияи аъзои ИДМ, узви вобастаи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ISO) ва аъзои дигар ташкилот буда, имкон дорад стандартҳои байналмилалиро дар корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ҷорӣ намояд.

«Баъд аз узви ин ташкилот шудан мутахассисони Агентӣ дар ҷаласаву вохӯриҳои он, ки дар давлатҳои аъзо доир мегарданд, иштироки фаъолона менамоянд. Ин гуна ҷаласаҳо дар Тоҷикистон низ бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт доир шуда, байни аъзои ташкилот масъалаҳои муҳими соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо баррасӣ мегарданд», -гуфт ӯ.

Ҳамзамон ҳамсуҳбати мо дар идома иброз дошт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо мақсади баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт кормандон пайваста барои таҷрибаомӯзӣ равона мегарданд ва донишу малакаи якдигарро мубодила менамоянд. Ин омӯзишҳо барои пешрафти соҳаҳои муҳими ҳаёт хеле аҳамияти ҷиддӣ доранд. Ҳамчунин иштироки фаъолонаи ҷонибҳо дар машварату конфронсҳои сатҳи баланд ба таври доимӣ аст.

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ҳамзамон дар он дида мешавад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастовардҳои чашмрас иштирок ва барои маҳсулоти беҳтарини худ ва ё хизматрасонӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Ин гуна пешрафти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ далели он аст, ки истифодаи стандартҳо дар замони муосир хеле муҳим аст.

Маълум мегардад, ки кормандони соҳа низ дар амалӣ гаштани низоми идоракунии сифат, татбиқи амалии стандартҳо, шартҳои техникӣ ва регламентҳои техникӣ бо масъулияти баланд кор бурда, дар пешрафти он нақш мегузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2023 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд