16 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҒИЗО. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ истифодаи самараноки ҳар қитъа замин зарур мебошад
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Рӯзи ҷаҳонии ғизо. Ин сана соли 1979 дар конфронси Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) қабул шуда, ҳадафи асосиаш баланд бардоштани маълумот ва огоҳии мардум доир ба мушкилоти вобаста ба озуқаворӣ дар олам аст.
Тибқи иттилои СММ, шумораи одамоне, ки аз гуруснагӣ азият мекашанд, ба 821 миллион нафар мерасад.
Дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» қабул гардидаанд, ки самти асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат бо меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва зимни сафарҳо ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ оид ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, васеъ намудани майдони киштзор ва боғу токзор супориш ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин рӯ, барои амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тамоми кишоварзон ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, бо ҳамин роҳ гирифтани то се- чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро дар ҳар оила таъмин намоянд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ намудани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуда буд.
Бояд изҳор дошт, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.
Мавриди тазаккур аст, ки ғайр аз майдонҳои кишоварзии саҳроӣ деҳқонон заминҳои наздиҳавлигии хешро низ самаранок истифода мебаранд. Дуруст аст, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ин заминҳо хурд мебошанд, вале метавон бо меҳнати пайваста ҳосили хуб ба даст овард ва хонаводаро бо маҳсулоти худӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг, булғорӣ ва сабзаҷоти истеъмолӣ таъмин намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии мамлакатамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ намоем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».
Дар робита ба ин Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо мақсади иҷрои супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тавсиянома оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соли 2022 омода ва ҷиҳати истифода ба хоҷагидорон пешниҳод намуд.
Тавсияномаи мазкур аз ҷониби олимони соҳа таҳия гардида, дар он оид ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ дар шароиту иқлими Тоҷикистон маълумот оварда шудааст. Он барои хоҷагидорони ҷумҳурӣ маводи хуб ба шумор рафта, дар раванди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ, ки дар ҷумҳурӣ бештар аз 70 ҳазор гектар, аз он 50 ҳазор гектараш замини обӣ ба шумор меравад, дастури саривақтӣ аст. Дар тавсиянома вобаста ба 26 технологияи парвариши зироати сабзавотӣ ва дарахтони мевадиҳандаю буттагиҳо маълумот оварда шудааст.
Ҳамин аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1418250 тонна, пахта — 152945 тонна, картошка — 804496 тонна, сабзавот — 2450313 тонна, полезӣ- 914793 тонна, мева- 511824 тонна, ангур — 148087 тонна, гӯшт — 202188 тонна, шир- 688925 тонна, тухм- 875491 дона, пашм- 7163 тонна, пилла- 223 тонна ва моҳӣ ба 2780 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо- 100,5 фоиз, сабзавот- 111,3 фоиз, полезӣ- 121,3 фоиз, мева- 141,6 фоиз, гӯшт- 109,1 фоиз, шир- 104,3 фоиз, пашм- 104,7 фоиз, асал- 103,4 фоиз ва моҳӣ 132,4 баробар зиёд аст.
Барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба техникаҳои кишоварзӣ тибқи маълумоти фаврӣ, дар нуҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 1522 техникаи муосири кишоварзӣ, аз ҷумла 738 трактори гуногунтамға, 19 комбайни ғалладаравӣ, 60 тойбанд, 194 испори тракторӣ, 35 картошкашинонак, 15 тухмипошаки пахта (зери плёнка), 16 гандумкӯбак ва дигар техникаю технология ворид ва пешниҳоди кишоварзон гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 334 адад, аз ҷумла 190 трактор зиёд ворид шудааст.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо «Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва «Дастгирии ғизои мактабӣ» татбиқ мегарданд.
Бояд гуфт, ки миқдори заминҳои корам сол аз сол зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон