Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода дар мавзуи «Марҳилаи таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузорӣ» маърӯза намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки «калонтарин боби Конститутсияи Тоҷикистон — боби 2 –и он мебошад, ки ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Боби мазкур аз моддаи 14 оғоз гардида, бо моддаи 47 анҷом меёбад. Аз 34 моддаи ин боб ҳамагӣ 4 моддаи он ба вазифаҳои шаҳрвандон тааллуқ дошта, 30 моддаи дигараш ба ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд».
«Инчунин, дар меҳвари дигар бобҳо ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ қарор дорад. Хусусияти дигари Конститутсия дар он аст, ки ба шаҳрвандон доираи васеи ҳуқуқҳоро кафолат додааст»,-афзуд Баҳодур Шерализода.
Иштирокдорони дигари ҷамъомад иброз доштанд, ки Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






