Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид

Ноябрь 5, 2025 09:35

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷаласаи 43-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз, ки дар шаҳри Инчхони Корея баргузор шуд, аз ҷониби Шуро ҳаҷми рекордии маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои  дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳаи нав, аз ҷумла Барномаи нави минтақавӣ таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон», ки  аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ карда мешавад, тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи мазкур дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Туркманистон, Гурҷистон ва Покистон амалӣ карда мешавад.

Сармоягузорӣ дар самтҳои марбут ба идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хизматрасониҳои гидрометеорологӣ ва ҷорӣ намудани механизми сармоягузории «сабз»  аз ҳадафҳои асосии ин тарҳ мебошад.

Ҳамзамон дар ҷаласа, ки аъзои Шуро, мақомотҳои миллӣ оид ба масъалаҳои фонди мазкур, ташкилотҳои аккредитатсияшудаи фонд ва нозирон иштирок доштанд, дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз, санаи 29 июн то 2 июли соли 2026 тасдиқ гардид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

 

Ноябрь 5, 2025 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид