Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Душанбе Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Чорабинӣ бо ибтикори филиали Тоҷикистонии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, дар он намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ -Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами иҷрои Нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Ҳадафи ҷаласаи мазкур баррасии рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал, мубодилаи таҷриба байни кишварҳои иштирокчӣ, муҳокимаи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои калидие мебошад, ки ба ноилшавӣ ба устувории экологӣ равона гардидаанд, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштарак барои давраи минбаъда мебошад.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки баргузории Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ нақши муҳим мебозад.
Дар ҷараёни Шуро як силсила масъалаҳои мубрами фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла натиҷаҳои Раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии Фонд мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карда шуданд.
Таъкид гардид, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯби ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.
Намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал зимни суханронии худ ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода, аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои буҳрони экологӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






