Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд

Ноябрь 6, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии солонаи пахтаро дар соли 2025 пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Соли равон кишоварзони вилояти Хатлон дар 108 ҳазору 265 гектар пунбадона кишт намуда, то имрӯз беш аз 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2024 127 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Имрӯз зимни ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқбол аз ин дастоварди арзандаи кишоварзон,  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки иҷрои  нақшаи ҷамъоварии пахта далели заҳмати шабонарӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати сокинони вилоят ба Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли равон ҳосилнокии миёна аз ҳар гектари замини кишти пахта 23,4 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 11,7 сентнер зиёд аст.

Таъкид гардид, ки ин натиҷаҳо аз дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи деҳқонон, риояи агротехникаи замонавӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат шаҳодат медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2026 нақшаи кишти пахтаи зериплёнка зиёда аз 50 ҳазор гектар пешбинӣ карда мешавад.

Дар ин рӯз  як зумра кишоварзони вилоят бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои арзиманд  қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Ноябрь 6, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид