25 ОКТЯБР- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗАИ ЗАНОН БАРОИ СУЛҲ. Саҳми Шурои занон дар таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар Тоҷикистон назаррас аст

Октябрь 25, 2023 11:02

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар доираи Ҳафтаи  амалҳо барои халъи силоҳ (24-31 октябр) Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ мебошад. Ин сана   соли 1980 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занҳо   (ФБДЗ)  муайян  шудааст.  

Федератсияи байналмилалии демократии занҳо ташкилоте мебошад, ки занҳоро бо ҳам муттаҳид менамояд ва дар низомномаи ин ташкилот чунин навишта шудааст:  «Новобаста аз нажод, миллат, мазҳаб ва сиёсат барои мубориза бурдан ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, модарон, коргарон,  ҳимояи кӯдакон, баҳри  таъмини сулҳ, демократия ва истиқлолият мардумро муттаҳид менамояд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси мақоми махсус – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти гуногунҷабҳаи занони ҷумҳуриро ҳамоҳанг менамояд, гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба занон ва саҳми онҳо дар бунёди давлати соҳибихтиёр эҳтироми махсус зоҳир менамояд.

Дар назди ин Кумита Шурои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ фаъолият менамояд, ки ба он занони сиёсатмадори собиқадор ва собиқ иштирокчиёни иҷлосияи XVI  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолзанон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шоирҳои ширинкалом, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулияти баланд хизмат намуда, имрӯз низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузоранд, шомил ҳастанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо занҳоро ба он ҳидоят  намуданд, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ роҳнамоӣ намуда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

Дар робита ба Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро иброз намуд.

— Ҳанӯз 70 сол муқаддам, замоне, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ дар саросари мамлакат ҳукмрон буд, Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то кунун дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат, таъмини амнияти мардум нақш ва мавқеи сазовор дошта, табақаҳои фаъоли ҷомеа, махсусан занону модарон ҷузъи ҷудонопазири ин созмон мебошанд. Зеро саҳми занону модарон баҳри ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ мавқеи хосса дорад.

Воқеан ҳам, пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ба иродаи мустаҳкам, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳматҳои пайвастаи занону модарон вобаста буда, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу бум, созандагони Ватани ободу осуда вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси мо, занону модарони сулҳхоҳу сулҳпарвар аст. Зеро бахти бузурги ҳар инсони соҳибдил- ин соҳиби давлати мустақилу ягона ва ободу пешрафта будан аст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст, амалӣ шудани орзуи занону модарони тоҷик буд. Аз ин рӯ, мо, занону модарон бояд пеш аз ҳама ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои ҷумҳурӣ  – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем. Зеро маҳз иродаи қавии занони сиёсатмадору рӯзгордида, ба мисли Низорамоҳ Зарипова, Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева ва дигарон буд, ки дар он солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ барои аз вартаи нестиву парокандагӣ эмин нигоҳ доштани давлату миллат, барқарор намудани оромиву субот корвони сулҳро таъсис дода, ҷон дар каф баробари мардон ба мавзеъҳои ҷангзадаву харобгардида рафта, сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ҷонибдорӣ намуданд. Бо меҳру фазилат ва садоқат ба Ватан фарзандони гумроҳро ба сулҳу субот ва дӯстиву ваҳдат ҳидоят намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ 26 апрели соли 1997 ба нақш ва мавқеи басе муҳими занон барои ба даст овардани сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки «дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш менамуданд. Аз оғози гуфтушунидҳо бо мухолифин, ҳарчанд ин мулоқотҳо фарсахҳо дур аз сарзаминамон доир мешуданд, занони тоҷик бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои худ иштирокчиёни музокиротро ба ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, гузашт ва муросо даъват менамуданд».

Ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу субот, ваҳдату истиқлолияти пойдори давлату миллати тоҷик дар асоси Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои Қатъномаҳои №1325 ва №2122 Созмони Милали Муттаҳид дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Шурои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳофарӣ, ки аз ҳисоби занони майдони сиёсату меҳнат таъсис дода шудааст, фаъолияти назаррас дорад.

Фаъолияти Шуро, пеш аз ҳама, ба ҳушдор додани насли наврасу ҷавон аз хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва фарҳанги оиладорӣ, ҷалби аҳли ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, устувору пойдор нигоҳ доштани фазои солими ҷомеа ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим равона гардидааст.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои асри ХХ1 барои миллати тоҷик шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва мамлакати соҳибистиқлолро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии шоиста ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ мекушояд.

Бигузор, ҳазорон соли дигар кабутарони сулҳ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол болафшонӣ намоянд.

Бахшида ба ин сана  дар тамоми ҷаҳон  чорабиниҳои гуногун, чун аксия, конференсия ва  фестивалҳо гузаронида мешаванд. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола вохӯриҳои гуногун гузаронида мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2023 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид