29 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ Ё САКТАИ МАҒЗИ САР. То омадани ёрии таъҷилӣ чӣ гуна метавон ба бемор кумак расонид?

Октябрь 29, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт  ё сактаи мағзи сар.

 Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 13 миллион нафар гирифтори инсулт шуда, тақрибан 5,5 миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Инро ба инобат гирифта, аз соли 2006 инҷониб барои мубориза бо ин беморӣ 29 октябр дар давлатҳои гуногуни дунё бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамоишу конференсияҳо баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Инсулт ё сактаи мағзи сар чӣ гуна беморӣ аст?

Бемории сактаи мағзи сар- ин вайроншавии гардиши  хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад.  Ин бемории вазнин то имрӯз яке аз сабабҳои маъюб ва ҳалок гаштани инсонҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Киҳо бештар ба ин беморӣ мубтало мешаванд?

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» духтури асабшиноси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» Муҳсин Гулов иброз дошт, бемории сактаи мағзи сар ду намуд мешавад: камхунӣ ва хунрезӣ. Агар қаблан ба бемории сактаи мағзи сар шахсони 55-60-сола гирифтор мешуданд, ҳоло ба он одамони синни қобили меҳнат (25-50-сола) мубтало мешаванд.

«Имрӯзҳо шаҳрвандони синнашон аз 50 боло бештар ба намуди камхунии бемории сактаи мағзи сар гирифтор мешаванд. Дар ин намуди сактаи мағзӣ ҷараёни хун ба мағзи сар қатъ мегардад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳои мағзи сар аз норасоии оксиген ба ҳалокат мерасанд. Дар ҷавонҳо ин ҳолат кам ба назар мерасад»,- гуфт табиб.

Сабаби гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар чист?

 Истифодаи  аз ҳад зиёди воситаҳои техникӣ ва камҳаракатӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, машруботи спиртӣ, кашидани сигор омилҳои асосии  ба ин беморӣ гирифтор шудан  мебошанд. Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар ба фавти беморон ва маъюбшавии онҳо оварда мерасонад,- афзуд табиб.


Ба иттилои духтури асаб, нишонаҳои асосии сактаи мағзи сар   душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум намудани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан мебошанд.

Таҳқиқот собит месозанд, ки сактаи мағзи сар ё  инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки  аломатҳои ин беморӣ  дар шахс тӯли  24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал — ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ  ва дуюм — сактаи хунрезӣ мебошад.

Кумаки аввалини тиббиро чӣ гуна метавон расонид?

Ба ақидаи мутахассиси соҳаи тиб, ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавон ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намуд. Аз ин хотир бояд тавсияҳои аввалиндараҷаро ҳар  нафар донад. Пеш аз ҳама, ёрии таъҷилиро даъват намудан зарур аст. То ҳозир шудани пизишкон  дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоштан лозим аст. Инчунин тирезаҳои хонаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро  кушодтар намудан муфид аст. Зарур аст, ки фишори беморро санҷида, ҳангоми аз меъёр боло будани он  ба бемор доруҳои зидди фишорбаландӣ ва доруҳои оромбахшанда диҳанд. Ҳамзамон маҳси дил низ дар ҳолати баланд шудани таппиши дил ба бемор кумак намуда метавонад.

Роҳҳои пешгирии беморӣ чӣ гуна аст?

Мутахассис иброз медорад, ки барои пешгирии бемории сактаи мағзи сар, пеш аз ҳама, бояд омилҳои хатарноки онро  бартараф намуд.

«Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон   фишори шараёнро  дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт.  Хатари дигар- ин сигоркашӣ мебошад, ки ба ақидаи мутахассисон, пас аз як соли даст кашидан аз сигор хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад»,- мегӯяд мутахассис.

Ҳамсуҳбати мо таъкид менамояд, ки шахсоне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати духтури асабшинос бошанд ва тавсияҳоеро, ки табиб муайян намудааст, ҳатман риоя созанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд