29 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ Ё САКТАИ МАҒЗИ САР. То омадани ёрии таъҷилӣ чӣ гуна метавон ба бемор кумак расонид?
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 13 миллион нафар гирифтори инсулт шуда, тақрибан 5,5 миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Инро ба инобат гирифта, аз соли 2006 инҷониб барои мубориза бо ин беморӣ 29 октябр дар давлатҳои гуногуни дунё бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамоишу конференсияҳо баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Инсулт ё сактаи мағзи сар чӣ гуна беморӣ аст?
Бемории сактаи мағзи сар- ин вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад. Ин бемории вазнин то имрӯз яке аз сабабҳои маъюб ва ҳалок гаштани инсонҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Киҳо бештар ба ин беморӣ мубтало мешаванд?
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» духтури асабшиноси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» Муҳсин Гулов иброз дошт, бемории сактаи мағзи сар ду намуд мешавад: камхунӣ ва хунрезӣ. Агар қаблан ба бемории сактаи мағзи сар шахсони 55-60-сола гирифтор мешуданд, ҳоло ба он одамони синни қобили меҳнат (25-50-сола) мубтало мешаванд.
«Имрӯзҳо шаҳрвандони синнашон аз 50 боло бештар ба намуди камхунии бемории сактаи мағзи сар гирифтор мешаванд. Дар ин намуди сактаи мағзӣ ҷараёни хун ба мағзи сар қатъ мегардад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳои мағзи сар аз норасоии оксиген ба ҳалокат мерасанд. Дар ҷавонҳо ин ҳолат кам ба назар мерасад»,- гуфт табиб.
Сабаби гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар чист?
Истифодаи аз ҳад зиёди воситаҳои техникӣ ва камҳаракатӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад. Истеъмоли хӯрокҳои серравған, машруботи спиртӣ, кашидани сигор омилҳои асосии ба ин беморӣ гирифтор шудан мебошанд. Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар ба фавти беморон ва маъюбшавии онҳо оварда мерасонад,- афзуд табиб.

Ба иттилои духтури асаб, нишонаҳои асосии сактаи мағзи сар душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум намудани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан мебошанд.
Таҳқиқот собит месозанд, ки сактаи мағзи сар ё инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки аломатҳои ин беморӣ дар шахс тӯли 24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал — ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ ва дуюм — сактаи хунрезӣ мебошад.
Кумаки аввалини тиббиро чӣ гуна метавон расонид?
Ба ақидаи мутахассиси соҳаи тиб, ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавон ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намуд. Аз ин хотир бояд тавсияҳои аввалиндараҷаро ҳар нафар донад. Пеш аз ҳама, ёрии таъҷилиро даъват намудан зарур аст. То ҳозир шудани пизишкон дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоштан лозим аст. Инчунин тирезаҳои хонаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намудан муфид аст. Зарур аст, ки фишори беморро санҷида, ҳангоми аз меъёр боло будани он ба бемор доруҳои зидди фишорбаландӣ ва доруҳои оромбахшанда диҳанд. Ҳамзамон маҳси дил низ дар ҳолати баланд шудани таппиши дил ба бемор кумак намуда метавонад.
Роҳҳои пешгирии беморӣ чӣ гуна аст?
Мутахассис иброз медорад, ки барои пешгирии бемории сактаи мағзи сар, пеш аз ҳама, бояд омилҳои хатарноки онро бартараф намуд.
«Дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми харобшавӣ, кори ҷисмонӣ, кам намудани истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон фишори шараёнро дар ҳудуди меъёр нигоҳ дошт. Хатари дигар- ин сигоркашӣ мебошад, ки ба ақидаи мутахассисон, пас аз як соли даст кашидан аз сигор хатари пайдошавии инсулт то ду баробар кам мегардад»,- мегӯяд мутахассис.
Ҳамсуҳбати мо таъкид менамояд, ки шахсоне, ки сактаи мағзи сарро гузаронидаанд, бояд мунтазам таҳти назорати духтури асабшинос бошанд ва тавсияҳоеро, ки табиб муайян намудааст, ҳатман риоя созанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт






