4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст, ки бештари онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ сукунат доранд. Ин маълумот ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот, ки 4 октябр гузаронида мешавад, рабт дорад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ- ҷалби башарият ба ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо мебошад.
Баъзе намуди ҳайвонот миқдоран кам шуда, як қисм зери хатари маҳвшавӣ қарор дорад
Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар мавзеъҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намудҳои ҳайвоноте паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт ба сар мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми онҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.
Қисми зиёди олами ҳайвоноти Тоҷикистон ба Китоби сурхи байналмилалӣ ворид гардидааст
Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор ҳастанд, ки дар байни онҳо ҳайвонҳои нодире, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ ва ғизол зиндагӣ менамоянд. Намудҳои зиёди олами ҳайвоноти Тоҷикистон ба Китоби сурхи байналмилалӣ ҳамчун навъҳои нодир ва ё азбайнраванда, ки ҳифз ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамоянд, ворид шудаанд. Аз намуди ҳайвонҳои нодир муфлон (гӯсфанди ёбоӣ)-ро дучор омадан мумкин аст, ки муфлони тоҷикӣ (уриал) сарасли гӯсфандони хонагӣ ба шумор меравад.
Ҳифзи олами ҳайвонот- яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон
Муҳофизати олами ҳайвонот яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шикори намудҳои нодир дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Усул, вақт ва ҷойи шикори ин ё он намуди ҳайвон тавассути қонунгузории мамлакат муайян гардидааст.
Барои зиёд намудани шумораи бабри барфӣ дар Мурғоб марказ таъсис шуд
Ин аст, ки моҳи августи соли равон дар ноҳияи Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодири ноҳия, аз ҷумла бабри барфӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Дар марказ ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба бемориҳои дигар дучор шудаанд, табобат шуда, сипас ба табиат сар дода мешаванд.
Иқлим ва табиати хоси Мурғоб- макони сукунати бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди ин марказ- наслгирӣ ва зиёд намудани шумораи бабри барфӣ дар табиати кӯҳии Тоҷикистон, бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад. Бо мақсади будубоши муваққатии ҳайвоноти нодир ва бо хӯрок таъмин намудани онҳо дар Маркази офиятбахшӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ишкошим сохтмон ва бунёди «Хоҷагии ёрирасон» дар назар дошта шудааст, ки дар он ҳайвоноти хурд, ба монанди харгӯш парвариш мешаванд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ бо чунин Маркази офиятбахшие, ки дар он ҳайвоноти нодир ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, шинос шаванд. Масоҳати умумии Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоб 10 гектарро ташкил медиҳад. Ноҳияи Мурғоб бо табиату иқлими хоси худ ҳайвоноти нодире, чун бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло (архари помирӣ), дигар ҳайвоноти нодир дорад, ки муаррифи Тоҷикистон мебошанд.
Ҳайвоноти нодири мамнуъгоҳҳо ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва Тоҷикистон ворид мебошанд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъгоҳҳои «Ромит», «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл» ва миқдори зиёди парваришгоҳҳо мавҷуд ҳастанд. Дар ин мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мамлакат барои ҳифз ва зиёд намудани саршумори намудҳои нодир корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Яке аз онҳо мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аст, ки моҳи сентябр ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар номинатсияи «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи Палангон» ворид гардид. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 18 намуди ҳайвонот ҳифз ва нигоҳ дошта мешаванд, ки гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, (уриал), ҷейрон (ғизол), саги обӣ, тазаври тоҷикӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ аз ҳамин қабил аст. Яке аз ҳайвоноти нодири дар мамнуъгоҳ маҳфуз, ки ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд, оҳуи бухороӣ аст.
Олами бойи ҳайвонотро бояд ҳифз намуд!
Дар шароити кунунии сайёра- тағйирёбии иқлим, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ, аз қабили обхезиҳои шадид, фаромадани сел, ярч, сӯхтор дар ҷангалзор, зилзила ва ғайра, инчунин таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ –муносибати нодурусти инсон ба табиат ва муҳити зист, ки боиси маҳв гардидани баъзе ҳайвонҳои нодир дар баҳру уқёнус ва хушкӣ гардидаанд, ҳифз ва нигоҳдории олами бойи ҳайвонот ва беҳдошти муҳити зист рисолати ҳар инсони бошараф бояд бошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз