Ҳақназар ва Хайрандеш аз Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5 октябр ҷоизадорони медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиёии Ханжоу -2022 Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров ба Ватан баргаштанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе паҳлавонони тоҷик Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаровро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, роҳбарияти Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва шумораи зиёди ҳаводорону мухлисони гӯштини кураш бо самимияти хосса пешвоз гирифтанд.
Ин ду варзишгари тоҷик дар рӯзи ҳафтум ва нуҳуми мусобиқоти мазкур ба гирифтани медали биринҷӣ аз намуди гӯштини кураш мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз шуда, то 8 октябр идома меёбанд. Дар айни замон дар корномаи варзишгарони тоҷик аз сабқати мазкур 7 медал сабт гардидааст, ки аз ин ду тилло – Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), як нуқра – Темур Раҳимов (ҷудо) ва чор биринҷӣ – Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






