Ҳайати расмии Беларус бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор шинос гардид

Октябрь 2, 2023 12:17

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Сергей Бартош 29 сентябр ба шаҳри Ҳисор рафта, бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки фаъолияти он ба насбу васли тракторҳо ва истеҳсоли дигар таҷҳизоту техникаҳои кишоварзии беларусӣ нигаронида шудааст, шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Навбати аввали корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» 16 май ва навбати дуюмаш 29 сентябри соли 2018 бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба истифода дода шудааст.

Имрӯз шуҳрати корхона меафзояд ва фаъолияти он на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа, ки асоси рушди иқтисодии онҳоро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, манфиат дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки саҳми корхона дар рушди иқтисодии шаҳр назаррас буда, василае аст барои пайванди риштаҳои дӯстии мардумони тоҷику беларус.

Ҳамчунин бо иштироки меҳмонон дар боғи зимистонаи шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро бо суруду таронаҳои тоҷикӣ ва беларусӣ пешкаши меҳмонон намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 2, 2023 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд