Акнун 22% солона! Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Октябрь 27, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Оё шумо аз иҷоранишинӣ, ки нисфи зиёди хароҷотро дар бар мегирад, хаста шудаед? Ё оилаи шумо калон мешаваду вақти он расидааст, ки ба фарзандонатон дар хариди хонаи нав кумак намоед? Ё шояд шумо солҳои зиёд барои манзили истиқоматӣ маблағ захира намуда истодаед, аммо вақт мегузараду шумо маблағи заруриро ҷамъ оварда наметавонед, зеро нархи хонаҳо боло рафта истодааст?

Мушкилоти манзили худро бо қарзи ипотекии Бонки Эсхата ҳал намоед.

Акнун 22% солона! Бонки Эсхата фоизи қарзи ипотекиро паст намуда, яке аз роҳҳои машҳури ҳалли мушкилоти манзилро боз ҳам дастрастар намуд. Шумо метавонед ба муҳлати то 10 сол қарз гиред ва маблағи онро ҳар моҳ қисм-қисм пардохт намуда, ба манзили шахсӣ як қадам наздик шавед. Бонк омода аст, ки 70% арзиши хонаро бо маблағи қарзӣ дастгирӣ намояд. Маблағи қарз аз 10 000 то 500 000 сомонӣ ва бо пули миллӣ пешниҳод мегардад.

Бояд иброз намуд, ки бонк на танҳо фоизи қарзро паст намуд, балки маблағи онро зиёд намуда, дастрасии мизоҷонро ба қарзи ипотекӣ васеъ намуд.

Бонк бо мақсади дастгирии ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои ипотекӣ бо фоизҳои дастрас ва ҳамзамон мусоидат намудан ба беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон шартҳои ин намуд маҳсулотро дигаргун сохт.

Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Тавассути ин истинод дархости қарзӣ гузоред: https://promo.eskhata.com/ipoteka

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»

АКС: Бонки Эсхата

Октябрь 27, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст