Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдтекстайлз» дубора фаъол мегардад
ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд масъалаи бакорандозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») ва муосиркунонии он мавриди баррасии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» Ҳошимян Гаги қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавре таъкид шуд, корхона бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардид, фаъол гардонда шуда, иқтидори истеҳсолӣ, истифода ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад.
Дубора фаъол намудани корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ба даст овардани музди меҳнат ба баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Дар назар аст, ки дар корхона таҷҳизоту технологияи олмонӣ васлу насб шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангу бори матоъ таъсис дода шаванд ва 3500 нафар соҳиби ҷойи кор гарданд. Бо ин роҳ дар нақша аст, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ амалӣ гардад.
Ҳамзамон сармоягузорон иқдом намудаанд, ки корхонаи истеҳсоли равған дар шаҳри Конибодомро низ ба талаботи рӯз мувофиқ намуда, бо воридсозии таҷҳизоти муосири олмонӣ онро низ замонавӣ созанд.
Раиси вилоят аз иқдоми созандаи соҳибкорону сармоягузорон изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолсозии иқтидорҳои бозистодаро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки бо амалисозии чунин тарҳҳо метавон ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






