Ҳамкории Кумитаи андози Тоҷикистон бо Донишкадаи муштараки Вена (JVI) баррасӣ шуд

Октябрь 3, 2023 17:52

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нарзулло Маликзода бо Директори Донишкадаи муштараки Вена (JVI) Эрве Жоли ва Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Наиля Менляшева мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» дар ин кумита.

Ҷонибҳо вобаста ба даврҳои омӯзишии Донишкадаи муштараки Вена (JVI) ва масъалаи васеъ намудани ҳамкории Кумитаи андоз бо ин донишкадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки давоми солҳои охир якчанд корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврҳои Донишкадаи муштараки Вена (JVI) таълим гирифтанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва самаранокии фаъолияти касбии онҳо мусоидат намуд.

Аз ҷониби Нарзулло Маликзода пешниҳод шуд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии таълимгирандагон шумораи даврҳои тахассусӣ, махсусан оид ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сиёсати андоз, андозбандии байналмилалӣ ва рақамикунонии соҳа зиёд шаванд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо қаноатмандии худро аз вохӯрӣ изҳор дошта, омодагии худро барои идомаи ҳамкории минбаъда баён намуданд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Октябрь 3, 2023 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»