Аз институтҳои байналмилалии молиявӣ даъват шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳсозӣ дар Тоҷикистон кумак намоянд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт ва тибқи созишномаҳои грантӣ 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд 52 млн доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла 7 лоиҳа дар ҷараёни татбиқ буда, татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Чунин иброз намуд Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.
Вазири нақлиёт аз нақши калидии роҳу нақлиёт дар рушди бемайлони тамоми соҳаҳои мамлакат ҳамчун таъминкунандаи равобити пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, гуфт, ки ҳоло ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷиккистон ва истифодаи иқтидори транзитии он чун яке аз ҳадафҳои стратегии рушд пазируфта шудааст.
Вазир афзуд, ки барои ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои давлатии афзалиятноки сармоягузории сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Лаби Ҷар-Қалъаи Хумб» (134 км), «Балҷувон- Сари Хосор» (60 км), «Бохтар- Ҷалолиддини Балхӣ- Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Узбекистон»(170 км), «Рӯшон-Хоруғ-Қулма»(530 км), «Хуҷанд-Конибодом» (75 км), «Хуҷанд-Ашт»(122 км), «Ховалинг-Сагвор» (75 км), «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе», сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён» (51 км) ва «Иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида дар чумҳурӣ» бурдани корҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд идома дорад.
Вазири нақлиёт аз намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд даъват намуд, ки кумаки худро дар асосноккунии техникӣ ва татбиқи ин лоиҳаҳои Тоҷикистон дареғ надоранд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






