«АЗ ТАЪРИХИ КИНОИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксу мусаввараҳо ифтитоҳ ёфт

Октябрь 20, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Аз таърихи кинои тоҷик» намоиши аксу мусаввараҳо ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки аксу мусаввараҳои дар намоиш пешниҳодшуда фарогири асри XX буда, инъикосгари бахши муҳими таърихи кинои тоҷик мебошанд. Зеро кинои тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардумро инъикос намуда, фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихиро ба наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштааст.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ қариб 60 акс гузошта шудаанд, ки ба воситаи онҳо раванди наворбардорӣ, лаҳзаҳои хотирмон ва таърихи 20 филми марбут ба ҳаёти мардуми тоҷик, ба монанди «Дохунда», «Ҳасани аробакаш», «Зумрад», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Достони Рустам», «Дӯстон аз нав вомехӯранд», «Одам пӯсташро иваз менамояд», «Вақти зангирии писар расид», «Ҳикояҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки …», «Бо амри дил», «Як умр басанда нест», «Ишқи аввалини Насриддин», «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Шаби охирини Шаҳрзод» ва амсоли инҳо пешниҳоди тамошобинон шудаанд. Инчунин дар 4 мусаввараи калонҳаҷми дигар симоҳои коргардону ҳунармандон Борис Кимёгаров, София Тӯйбоева, Марям Исоева ва Гуландом Сафаралиева инъикос шудаанд.


Дар таърихи кинои тоҷик Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров ва Тоҳир Собиров аз зумраи коргардонҳои машҳуре мебошанд, ки сазовори эътирофи ҷаҳонӣ гардидаанд.

Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани қатора шуруъ намудаанд. Яъне, омадани аввалин қатораи мусофиркаш аз шаҳри Тирмиз ба шаҳри Душанбе дар таърихи 11 сентябри соли 1929 ва сабти видеоиву кино намудани он оғози кинои тоҷик мебошад. Дар робита ба ин ҳамасола 16 октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.

Зимнан оғози таърихи кинои тоҷик ба фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд буда, ӯ нахустин коргардони миллӣ мебошад. Дар ин радиф «Ҳуқуқи бошараф» аввалин филми таҳиякардаи Комил Ёрматов дар соли 1932 буда, филми «Муҳоҷир», ки соли 1934 таҳти зери коргардонии ӯ сабт гардидааст, барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик мебошад.


Бояд иброз намуд, ки кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардум то андозае иҷро намуда, имрӯз низ ҳамин ҳадафҳо дар назди он қарор доранд.

Ёддовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе аз 15 то 19 октябр Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид.

Намоиши «Аз таърихи кинои тоҷик» дар Осорхонаи миллӣ то охири моҳи октябр идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид