Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд

Октябрь 11, 2023 17:06

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ба  хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» техникаҳои кишоварзӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Ба хоҷагиҳои тухмипарвари мамлакат  техника ва таҷҳизоти  кишоварзӣ, аз  ҷумла — 20 испор, 15 нармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 13 тухмипошаки ғалладонагиҳо, 4 тухмитозакунак, 15 картошкаканак, 15 картошкашинонак, 2 заминҳамворкунак, 4 пахтатозакунак ва 4 тойбанди пахта супорида шуд.

Зимни супоридани техникаҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар марҳилаи оянда ба хоҷагиҳои мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ваъзи моддиву техникияшон техникаҳои кишоварзӣ  дастрас карда  мешаванд.

Хоҷагидорон барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, гуфтанд, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои пайваста дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.

Маҳз дар доираи ин лоиҳа соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар мавсими соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандум бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харида шуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарвар барои такрористеҳсолкунӣ дастрас гардид. Дар натиҷа имсол ҳосили хуб ба даст оварда шуд.

Дар доираи лоиҳа барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Гром» 150 тонна, «Алексеич» 200 тонна, «Тимирязевка 150» 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нурии минералӣ харидорӣ гардидааст, ки ба хоҷагиҳо дастрас мегардад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 11, 2023 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд