Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд

Октябрь 5, 2023 15:22

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар таҳкими истиқлоли фарҳангии мамлакат омили бузург арзёбӣ намуда, бори нахуст аз минбарҳои баланди чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ бо забони модарӣ сухан намуданд. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади идонае, ки ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор дошт, ки бо шарофати кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат марҳилаи нави татбиқи қонуни забон шуруъ шуд. Сарвари давлат дар мавриди амалӣ намудани Қонуни забон фармудаанд: «Вазифаи ҷонии мову шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем».

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ имкон фароҳам омад, ки забони тоҷикӣ бе маҳдудият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

Ҳамчунин бо мақсади рушди бештари забони модарӣ соли 2008 бо амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли забони тоҷикӣ эълон гардид, ки  соҳибони забонро водор намуд, ки барои рушду такомули забони модарӣ бештар кӯшиш намоянд, то  забони давлатӣ забони фарогири корӣ ва муошират, забони ҷавобгӯи талабу хостаҳои замон бошад. Аз ин рӯ, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи муқаддаси ҳар шахс, балки тамоми ҷомеа, аз ҷумла кормандони низоми бонкӣ мебошад.

Аз соли 1997 дар Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, таҳияи ҳамаи дастурамалҳо, низомномаҳо, лавҳаву овезаҳо ва маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон, коргузорӣ ва санаднигорӣ дар тамоми идораю шуъбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз соли 1999 дар Бонки миллии Тоҷикистон Комиссияи назорати татбиқи Қонуни забон ташкил шудааст, ки  татбиқи амалӣ ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳамаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон назорат менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6631 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3228 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6595 то 9.7300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6934 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1234 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад