БА МАРДУМИ БЕНАНГ ВАТАН ҲАЙФ АСТ!». Таҳти ин унвон дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҳамоиш доир гардид

Октябрь 14, 2023 17:18

СУҒД, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ  намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, мубориза бо  экстремизиму  терроризим ҳамоиши омӯзгорон-ҳунармандон ва донишҷӯёни муассиса таҳти унвони  «Ба мардуми бенанг Ватан ҳайф аст!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар»  Саъдулло Маҳкамов дар ин муассиса  хабар доданд.

Ҳамоиш бо тарғибу тараннуми сулҳу ваҳдат, ободиву корҳои созандагӣ, намоиши роликҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо экстрамизиму  терроризим аз ҷониби баромадкунандагону иштирокчиён бо мубодилаи афкор ҷараён гирифт.

Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ  неъмати бебаҳо буда, барои миллати мо баъди ҳазорсолаҳо,  дар интиҳои асри гузашта насиб гардид, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр шаванд. Имрӯз он чун ҷавони қадрас парастишу парвариш, таваҷҷуҳу эътибори доимиву пайваста, муҳаббату садоқат, вафодориву дӯстдорӣ, ҳушёриву зиракии аҳли ҷомеаи мамлакатро тақозо дорад. “Аз ин ру, ҷавонони мо набояд фирефтаи баъзе аз нафарони носипос гашта, нисбат ба Ватан ва миллати хеш амалҳои номатлубро раво бинад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ватанамонро дўст дорем, соҳибию обод кунем ва зиндагии шоистаро дар он бароямон таъмин намоем»”-гуфта шуд дар ҳамоиш.

АКС: Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

Октябрь 14, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд