Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Хоруғ бозиҳои зеҳнию маърифатӣ доир шуданд
ХОРУҒ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳашти шаҳри Хоруғ бо иштироки хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бозиҳои зеҳнию маърифатӣ баргузор шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ин бозии зеҳниро Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудоифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти оташнишонии вилоят, Маркази ёрии таъҷилии шаҳр ва намояндагони шарикони рушд амалӣ намуд.
Имрӯз дар саросари ҷаҳон бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ, бозиҳои зеҳнию маърифатӣ ва машқҳои тактикӣ доир мегарданд. Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар асоси нақшаи чорабиниҳо давоми ду ҳафтаи охир дар робита ба ин рӯз дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ҳар гуна бозиҳои варзишию фарҳангӣ ва маърифатӣ доир менамояд.
Шарти аввали бозии зеҳнию маърифатие, ки дар Муассисаи таълимии рақами ҳашти шаҳр баргузор гардид, кашидани расм доир ба офатҳои табиӣ ва шарҳ додани он буд. Рассомони наврас мавзую муҳтавои расми кашидаашонро шарҳу тавзеҳ дода, ба суолҳои иловагии ҳакамон низ посух доданд.
Зимни саволу ҷавоб ҳакамон таваҷҷуҳро бештар ба он равона намуданд, ки то кадом андоза кӯдакону наврасон доир ба офатҳои табиию техногенӣ маълумот доранд ва то кадом дараҷа дар вақти рух додани чунин ҳодисаҳо худ ва атрофиёнро наҷот дода метавонанд. Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо зилзила, тармаву сел чӣ гуна амал намуда, кадом маконҳои бехатарро интихоб менамоянд.
Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Шуҳрат Шоисматуллоев ба саволи он ки чаро аксарияти чорабиниҳо бо ширкати кӯдакону наврасон доир мегарданд, изҳор дошт, ки «кӯдакону наврасон дар баробари ҳар гуна офатҳои табиӣ қишри осебпазир шумурда мешаванд. Аз офатҳои табиие, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, аз ҳама бештар кӯдакону наврасон зарар мебинанд. Агар ин қишри ҷомеа ҳар қадар дар бораи офатҳои табиӣ маълумоти мукаммал дошта бошад, ҳамон қадар бештар роҳи наҷот додани худ ва атрофиёнро пайдо месозад».
Воқеан ҳангоми саволу ҷавоб аён гардид, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба шогирдони худ маълумоти зиёдеро дар мавриди пешгирӣ ва наҷоти одамон аз офатҳои табиӣ омӯзонидаанд.
Ҳакамон баъди таҳлилу баррасӣ ва машварат ғолибонро муайян ва ба онҳо мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 13 октябр чун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ қабул шудааст. Он бори нахуст тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 декабри соли 1989 ҳамчун Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ – солҳои 1990-1999 ҷашн гирифта шуд.
Ҳадаф аз баргузории он- баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?






