БАХШИДА БА СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Таҳқиқи мунтазами пиряхи Федченко шуруъ гардид

Октябрь 20, 2023 18:48

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр як гурӯҳ олимон аз экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотии пиряхи Федченко баргаштанд, ки онро Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ташкил намуд.

Тавре директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдулҳамид  Қаюмов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии солгарди оғози корҳои тадқиқотӣ дар пиряхи Федченко ва инчунин ифтитоҳи шабакаи Горбунов дар пиряхи Федченко барафрохта шуда буд, ба Марказ супурда шуд.

Экспедитсия ба пиряхи Федченко аз 25 сентябр то 18 октябри соли равон идома ёфта, ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои омӯхтани вазъияти пирях бахшида шуд.

Абдулҳамид  Қаюмов иброз дошт, ки «Федченко калонтарин пиряхи на танҳо Помир, балки яке аз пиряхҳои калонтарини тамоми ҷаҳон мебошад. Дарозии пирях 77 километрро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳои системавӣ дар ин пиряхи бузург бинобар баста шудани фаъолияти шабакаи Горбунов дар соли 1994 қатъ шуда буданд. Дар айни замон бюллетени пиряхи Федченко дар се ҷилд: «Параметрҳои метеорологӣ дар болои атмосфераи пиряхи Федченко», «Параметрҳои динамикӣ дар болои атмосфераи пиряхҳо» ва «Хусусияти радиатсионӣ дар болои атмосфераи пиряхҳо» тартиб дода шудааст, ки дар онҳо маълумот оид ба параметрҳои метеорологии 40 соли охир оварда шудаанд».

Маълумоте, ки дар бюллетенҳо оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки тағйирот дар нишондиҳандаҳои ин пирях дар солҳои охир хеле назаррас мебошанд, махсусан дар пиряхи Федченко баландшавии ҳарорат мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар маҷаллаи «Криосфера» мақолаи директори Маркази омӯзиши пиряхҳо дар мавзуи «Вазъи ҳозираи пиряхи Федченко дар шароити тағйирёбии иқлим» ба табъ расидааст. Дар он оварда шудааст, ки дар минтақаи аблятсионӣ таназзули ҷиддӣ мушоҳида мешавад ва кӯлҳои калони пиряхин ба вуҷуд омадаанд. Ин аз таназзули босуръати системаи пиряхҳои Федченко шаҳодат медиҳад. Баъзе пиряхҳои системаи Федченко аз сабаби кам шудани дарозӣ ва масоҳати пиряхҳо аз қисми асосии пиряхи Федченко чандин километр ақиб гашта, ба пиряхҳои мустақил табдил гардидаанд.

Инчунин Феҳристи системаи пиряхҳои Федченко тартиб дода шудааст, ки дар он динамикаи тағйирот дар системаи пиряхҳои Федченко муайян шудааст. Дар ин минтақа дар маҷмуъ 100 пирях мавҷуд аст ва тибқи Феҳристе, ки Марказ омода сохтааст, пиряхҳои хурди системаи Федченко таназзул ёфтаанд.

Имсол Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо шарикони рушд таҳқиқоти мунтазами экспедитсионии системаи пиряхҳои Федченкоро мегузаронад. Ин амалҳо далели иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаи омодагии қавӣ оид ба ташкил ва татбиқи Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо (2025) мебошад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо аввалин экспедитсияи илмӣ-тафтишӣ соли 2022 ташкил шуда буд, ки ба воситаи он хатсайрро барои интиқоли бехатари таҷҳизоти экспедитсионӣ ба пирях интихоб гардиданд.

«Зимни экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ дар моҳи октябри соли 2023 ба пиряхи Федченко ғафсии пирях бо истифода аз радар муайян шуд. Гуфтан зарур аст, ки пеш аз гузаронидани таҳқиқоти радарӣ дар пиряхи Федченко соли равон радар дар пиряхҳои Зулмарт, Якарча ва ГГП озмоиш шуд. Радар натиҷаҳои хуб нишон дода, эътимоднок будани маълумотро исбот намуд.

Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки ғафсии пирях аз 800 то ба 900 метр мерасад, ки ин дар оянда барои муайян намудани ҳаҷми пирях шароити мусоид фароҳам меорад. Дар солҳои минбаъда пармакунӣ ва истихроҷи намунаи пирях ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти ба дастомада имкон медиҳад, ки динамикаи тағйирёбии иқлим ва ташаккули пиряхи Федченко дар тӯли чанд ҳазорсолаи охир барқарор шавад. Чунин маълумот дар адабиёти ҷаҳонӣ оид ба пиряхҳои Точикистон то ҳол вуҷуд надорад. Ин дастоварди назаррас дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, муарифи илми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст»,-афзуд Абдулҳамид  Қаюмов.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳо

Октябрь 20, 2023 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Тоҷикистон ва Қатар бахшида ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар Женева чорабинӣ баргузор намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Дар Сангвор бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид