Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро дар ноҳияи Данғара ботантана пешвоз гирифтанд

Октябрь 30, 2023 13:46

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 октябр Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо пешниҳоди амалиёти ҷарроҳӣ ба омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов супорида шуд. Дирўз дар маркази ноҳияи Данғара Ҷаҳонгирро бо тантана пешвоз гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.

Соли сеюм аст, дар баробари дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Давоми ду соли баргузории ин озмун ягон нафар соҳиби Шоҳҷоиза нагардида буд. Имсол якумин Шоҳҷозаи озмун аст, ки ба соҳибаш расид.

Ҷаҳонгир Дадаҷонов иброз дошт, ки «бароям мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз барандаи аввалини Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гардидам. Пеш аз ҳама миннатдории бепоёни худро ба Пешвои илмпарвари миллат баён менамоям. Инчунин ба ташкилкунандагони дигари озмун изҳори сипос менамоям. Ваъда медиҳам, ки дар оянда ба халқу Ватанам софдилона хизмат намуда, дар пешрафти илми тибби мамлакат саҳми арзанда мегузорам».


«Ба онҳое, ки дар ин озмунҳо довталабӣ менамоянд, гуфтаниям, ки танҳо дар натиҷаи саъю талоши пайваста метавон ба муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ин ру, дар роҳи расидан ба орзуҳо қавиирода ва пайваста дар пайи омўзиш бошанд»,-афзуд Ҷаҳонгир Дадаҷонов.

Ёдовар мешавем, ки 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

Ба даврии ниҳоии озмун 579 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиби озмун гардид. Ба ғолибони озмун, ки ҷойи якумро ишғол намуданд, ҷоиза ва 35 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм- ҷоиза ва 25 ҳазор ва ҷои сеюм ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ ва ба ғолиби Шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби ин озмун гардиданд, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ соҳиби мукофотпулӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара/АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2023 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад