Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иди Меҳргонро ҷашн гирифтанд

Октябрь 28, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни кадимаи ниёгон — Меҳргон бо иштироки донишҷўёну омўзгорон ва меҳмонон маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маҳфили фарҳангӣ таъкид гардид, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббусҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои таърихии миллӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Меҳргон ҷашни ниёгони мо, тантанаи заҳмати кишоварзон аст, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имкон пайдо шуд, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ойини аҷдодӣ низ эҳё гардад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо доир намудани маҳфилу барномаҳои гуногуни фарҳангӣ бо шукуҳи хосса таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад».

«Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид мегузорад»,- афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Зимни маърӯзаи олимон аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъкид гардид, ки гузаштагони мо Меҳргонро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2009 инҷониб иди Меҳргон дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд