Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон масъалаи тақвияти маданияти шаҳрнишинӣ ва пешгирии падидаҳои номатлубро байни  ҷавонон баррасӣ намуданд

Октябрь 3, 2023 19:04

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дар мавзуи тақвияти фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб ҳамоиши маърифатӣ баргузор шуд.

Тавре аз Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисмати аввали чорабинӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда, қисмати дуюми онро татбиқи нақшаи чарабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи пойтахт бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардидааст, дар бар гирифт.

Нақшаи мазкур фаъолияти муштараки сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявиро ҳамоҳанг сохта, дар доираи он бо донишҷӯёни курсҳои якуми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини маданияти шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, адои хизмати Модар — Ватан, зиракии сиёсӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, бегонапарастӣ, исрофкориву хурофотпарастӣ ва эмин будан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Меҳмонон пеш аз оғози ҳамоиш бо Осорхонаи Пешвои миллат, Маркази таҳқиқотии Пешвои миллат ва Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.


Ҳамоиш бо тамошои дастаҷамъонаи меҳмонон ва иштирокчиён аз филми тарбиявии омоданамудаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрик намуда, барои онҳо зиндагии босаодат ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно намуд.

Мавсуф оид ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.

Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода  гуфт, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор дошта, дастгириҳои пайваста дар ин самт бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи сиёсати инсонпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода вобаста ба  масъалаи рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф изҳори андеша кард.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода маърӯзаи пурмуҳтавову таҳлилӣ намуда, оид ба пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва адои хизмати Модар — Ватан сухан гуфт.

Муовини Прокурори шаҳри Душанбе  Мутеулло Раҷабзода оид ба таъмини риоя ва иҷрои қонунҳо вобаста ба самти ноболиғону ҷавонон  маълумот дод.

Намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Убайдулло, Музаффаров вобаста ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва эмин будани онҳо аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир сухан намуда, дар ин самт ба ҷавонон тавсеаҳои судманд иброз дошт.

Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорони фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон «Сипоснома» — и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 3, 2023 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд