Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид

Октябрь 9, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вазъи муҳоҷират дар ҳудуди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти муҳими ба қонунгузории муҳоҷирати давлатҳо воридшуда, инчунин чорабиниҳои муштаракро оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, аз ҷумла дар доираи гурӯҳи кории муштараки Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд