Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12-14 октябр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиши «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






