Дар Душанбе озмун бахшида ба Рӯзи байналмилалии кам намудани хавфи офатҳои табиӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ озмуни муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба озмун 21 мавод аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Дар се номинатсия, аз ҷумла матбуоти даврӣ, радио ва телевизион ва сомонаҳои иттилоотӣ се нафарӣ ғолибон муайян шуданд.
Дар бахши матбуоти даврӣ мухбири минтақавии ҳафтаномаи «Хатлон» Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ (ҷойи якум), мухбири нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» (ҷойи дуюм) ва мухбири нашрияи «Пайк” дар вилояти Суғд Фарзона Муродӣ (ҷойи сеюм) ғолиб дониста шуданд.
Директори Ширкати телевизион ва радиои «Мир» Вера Исмоилова (ҷойи якум), муҳаррири радиои «Садои Душанбе» Нигина Давронзод (ҷойи дуюм) ва муҳаррири Ширкати телевизион ва радиои «Симои мустақил – 1»-и шаҳри Хуҷанд Фарзона Шамсиева (ҷойи сеюм) дар бахши телевизион ва радио ғолиб гардиданд.
Ҳамчунин дар бахши сомонаҳои иттилоотӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ (ҷойи якум), корманди «Mir24.tv» Абубакри Файзалӣ (ҷойи дуюм) ва корманди «Your.tj» Амонҷон Муҳиддинов (ҷойи сеюм) ғолиб шуданд.
Ёдовар мешавем,ки озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии кам намудани хавфи офатҳои табиӣ доир гардид.
АКС: Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






