Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкории техникӣ дар доираи Барномаи минтақавии «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санади мазкурро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П. имзо намуданд.
Ҳадафи барнома беҳтар намудани иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамчунин мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GIZ дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






