Дар фермаи инноватсионии «Ҷаҳида»-и ноҳияи Зафаробод маҳсулоти тозаи табиӣ истеҳсол мешавад

Октябрь 17, 2023 11:28

СУҒД, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи​ Зафаробод бо фаъолияти ҶДММ «Ҷаҳида» шинос гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти фермаи инноватсионӣ- ин парвариши чорвои хурди шохдор ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз қабили панир, шир ва ҷурғот ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар ин ферма 147​ сар буз парвариш мешавад, ки 90​ сари он ширдеҳ мебошад. Дар як шабонарӯз то 70-80​ литр шир гирифта шуда,​ давоми як моҳ то 150-200 кг панир​ ва 800​ литр ширу ҷурғот истеҳсол мешавад. Барои ин тамоми имконот ва дастгоҳи мавҷуда муҳайё гардидааст. Ферма бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, масъулин азм доранд дар оянда саршумори чорворо зиёд гардонанд.

Маҳсулоти истеҳсолгардида​ дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Он аз лиҳози табиӣ тоза буда, ба саломатии инсон манфиати бештар дорад. Дар умум, дар хоҷагиҳои минтақа бо дастгирии ин фермаи инноватсионӣ саршумори чорвои хурди шохдор, яъне бузҳои зотӣ то ба 300​ сар расонида шудааст.

Баробари бузҳои зоти ширдеҳ дар ин ферма чорвои калони хушзот, паранда ва занбӯри асал парвариш карда мешавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Октябрь 17, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст