Дар Хатлон Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид

Октябрь 25, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор гардид, ки он ба Рӯзи миллии соҳибкорон ва Рӯзи байналмилалии занони деҳот бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  иштирок  намуд.

Дар саҳни Кохи фарҳанг ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар вилояти Хатлон бо лоиҳаҳо ҳамкорӣ доранд, маҳсулоти истеҳсоли худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ гардониданд. Ташкилоти хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасонии худро пешниҳод намуданд.

Дар фестивал 841 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок  намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 25, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид