Дар Хуҷанд масоили таъмини бозори дохилии Тоҷикистон бо молу маҳсулоти зарурӣ ва танзими нархи он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод бо роҳбарият ва аъзои Ассотсиатсияи воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаи таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо» ва «Номгӯйи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» муҳокима гардид.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, ки имрӯз вазъи бозори ҷаҳонӣ пешгӯинашаванда буда, қариб ҳар рӯз тағйирёбии нархҳои маҳсулоти иҷтимоӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин дар давлатҳои содиркунанда ба мушоҳида мерасад, ки ба бозори дохилии мо таъсири бевосита мерасонад. Бо назардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги тағйирёбии нархҳо гузаронида, аз натиҷаи он хулоса мебарорад ва маводи таҳлилӣ омода менамояд.
Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо инчунин таъмини бозори дохилии ҷумҳурӣ бо молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва танзими нархи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд,ки имрӯз дар бозори дохилӣ камчинии маҳсулот ба мушоҳида нарасида, аммо болоравии нархи онҳо ба чашм мерасад. Бинобар ин ва бо назардошти таъмини иҷрои қарорҳои болозикр сардори Хадамот таъкид намуд, ки субъектҳои хоҷагидори воридкунандаи маҳсулот ба беасос боло бурдани нархи маҳсулот роҳ надода, нархҳоро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи нархҳо муайян намоянд.
Дар фарҷом аз соҳибкорон даъват шуд, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархи онҳо роҳҳои алтернативии воридоти маҳсулотро аз дигар давлатҳои хориҷи наздик ҷустуҷӯ намоянд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






