Дар Конибодом маъракаи пахтачинӣ босуръат идома дорад

Октябрь 28, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар хоҷагии деҳқонии «Хусрав»-и шаҳри Конибодом ба як зумра  чинакчиёни фаъол  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар 2 гектар пунбадона кишт шуда, айни ҳол чиниш босуръат идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом бо​ ҳолати ҷамъоварии пахта шинос гардида, ҷараёни корҳои саҳроиро таҳти таваҷҷуҳ қарор дод ва ба як гурӯҳ чинакчиён туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Саҳмдорону ҳашарчиён изҳор доштанд, ки ҳар чинакчӣ дар як рӯз аз 80 то 120 килограмм пахта чида, маблағи онро сари​ вақт мегирад.​

Хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоеви Ҷамоати деҳоти Патар аз хоҷагиҳои пешқадам ба шумор меравад. Дар ин хоҷагӣ низ бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ба ҷамъоварии пахта вусъат бахшида мешавад.

Раиси вилоят​ бо аъзои хоҷагӣ ва ҳашарчиён суҳбат намуда, таъкид намуд, ки ҳосили пахта бояд беталаф ҷамъоварӣ шавад. Барои саҳм гузоштан дар маъракаи пахтачинӣ як зумра пешсафон қадрдонӣ шуданд. Дастур дода шуд, ки дар шаҳри Конибодом минбаъд шумораи ҳашарчиён​ зиёд  шавад.

Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли​ собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Неъматҷон Исроилов ва Абдураҳим Мирбобоев хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид. Дар суҳбат бо собиқадорон иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам нисбат ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ менамояд.​ ​

Пирони рӯзгор бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва дар ҷавоб ба ғамхориҳо ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 28, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст