Дар Москва оид ба нақши занон дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон ҳамоиш доир мегардад

Октябрь 21, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия имрӯз  дар шаҳри Москва дар мавзуи «Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш занони фаъоли тоҷики муқими шаҳри Москва ва вилояти он иштирок намуда, вобаста ба тарбияи худшиносии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллии насли ҷавон дар хориҷи мамлакат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва даҳшатафкан, дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити созгор барои таҳсил ва фаъолияти занон назару андешаи худро баён медоранд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш вобаста ба мушкилоти замони имрӯза ва роҳу воситаҳои муосир дар самти тарбияи ватандӯстии насли ҷавон табодули афкор доир мегардад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, коршиносон ва олимону муҳаққиқон иштирок намуда, вобаста ба ин масъалаҳо сухан мегӯянд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Октябрь 21, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст