Дар ноҳияи Зафаробод 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Октябрь 16, 2023 19:39

СУҒД, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Зафаробод дар 11 ҳазору 172 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо ҷараёни ҷамъоварии пахта шинос гардида, бо кишоварзон суҳбат намуд. Дар хоҷагиҳои пахтакори «Муҳаммадҷон 2016» ва​ «Муқим» бо чинакчиёну саҳмдорон ва ҳашарчиён аз шаҳри Истаравшан суҳбат намуда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани пахта дастуру тавсияҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза то 400 нафар сокинони касбу кори гуногун аз Истаравшан ва 100 нафар аз шаҳри Хуҷанд ба кумаки пахтакорони Зафаробод омада, саҳми худро дар ҷамъоварии «тиллои сафед» мегузоранд.​

Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтакорӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Сари​ вақт ва беталаф ҷамъ овардани​ пахта сабаби рушди соҳа, таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо маҳсулоти хом ва ба кори доимӣ ҷалб намудани сокинон мегардад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳия Раиси вилоят бо деҳқонон ва ҳашарчиён аз ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон мулоқоти гарму самимӣ анҷом дода, саҳми онҳоро дар ҷамъоварии ҳосили пухтарасида назаррас ҳисобид.

Таъкид гардид, ки соли равон заркорони ноҳия бояд зиёда аз 33 ҳазор тонна пахта истеҳсол​ намоянд. Барои ин дар ноҳия имконият ва захира мавҷуд буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳо ва расонидани кумак аз тарафи ҳашарчиён аз дигар шаҳру навоҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда метавонанд.

Заркорони ноҳия азм доранд, ки беш аз 33 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд. То имрӯз зиёда аз 11 ҳазор тонна пахта​ истеҳсол​ гардидааст.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосид барои ҳашарчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 16, 2023 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»