Дар Рӯзи даъватшаванда ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор маросими гусели наваскароне, ки ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳозир шуда буданд, бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони даъватшавандаҳо пуршукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Шумораи зиёди ҷавонони ихтиёрӣ ва донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ дар кӯчаҳои Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинови маркази шаҳр роҳпаймоӣ намуда, садоқат ва омодагии хешро ба хизмати Ватан изҳор намуданд.
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва соҳибдавлатӣ гуфта шуд, ки мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи комил зиндагӣ ва фаъолият намуда истодаем. Ба даст овардани истиқлолият ва соҳиби давлати мустақил шудан орзую ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд. Таърихи давлату давлатдорӣ собит менамояд, ки Истиқлолиятро ба даст овардан оғози соҳибдавлатӣ буда, пойдориву таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ба тартибу низоми дохилӣ, бехатарии марзу буми мамлакат пайванди мустақим дошта, танҳо бо доштани артиши пуриқтидору тавоно ба ин ҳадафҳо ноил гардидан мумкин аст.
Иброз гардид, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар мушкилтарин даврон, замоне, ки давлати ҷавони мо дар алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт, дар муҳлати кӯтоҳтарин созмон дода шуда, давоми солҳо аз имтиҳону озмоишҳои басе вазнин гузашта, обутоб ёфтааст ва имрӯз собитқадамона дар таъмини амнияту оромии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.


Барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва банангу номус эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум, хоку оби мамлакат, инчунин волидайну наздиконаш барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор мебошад.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба 180 нафар ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор даври кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Дар ҳамоиш падари даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Убайдулло Нарзуллоев, сарбоз Шоҳрух Нарзуллоев аз қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокини Ҷамоати деҳоти Ҳисор мебошад ва даъватшаванда Нозимҷон Носиров аз Ҷамоати деҳоти Сомон иброз доштанд, ки ҷавонони Ҳисори Шодмон дар радифи дигар ҳамдиёрон ба Ватан содиқона хизмат ва марзу буми онро бо ҳушёрӣ, далерию мардонагӣ ҳифз менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






