Дар Рӯзи даъватшаванда аз Кӯшониён ҷавонони зиёде ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҳамоиши идонаи «Рӯзи даъватшаванда» бо гусели ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шудаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки мардуми шарафманди ноҳия имсол 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз оромию осудагӣ ва руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақил таҷлил намуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ, ҳарбию сиёсии мамлакат бо андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардида буд.
Тазаккур дода шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки дар таъсиси Артиши миллӣ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас буда, артиш бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар муддати кӯтоҳтарин ба дарвозаи оҳанин ва боэътимоди давлат табдил ёфта, минбаъд нагузошт душманони нотавонбин ниятҳои ғаразноку нопоки хешро дар сарзамини аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик амалӣ намоянд.
Сипас якчанд собиқадори ҷангу меҳнат, волидони даъватшудагон ва ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба хизмат ҷалбшуда миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фароҳам овардан шароити мусоиди хизмат баён доштанд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон зимни чорабинӣ аз тарафи меҳмонон ва роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшуда шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Модарони меҳрубон анъанаҳои неки гузаштагонро ба ёд оварда, ҷавононро бо нону кулчаҳои зебои омоданамуда гусел намуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Кӯшониён








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






