Дар роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд

Октябрь 26, 2023 18:59

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди дорои шароити мураккаби кӯҳии Тоҷикистон   панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд. Дар робита ба ин дар Душанбе дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» Қарордоди Чумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба хизматрасонии машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳои (барйерҳои) муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.

Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим  ва намояндаи ваколатдор/менеҷер оид ба амалиёт ва технологияҳои  иттилоотии ширкати машваратии Кувайт  «NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants» Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш имзо намуданд.

Вазифаи ширкати машваратӣ- таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ  мебошад, ки дар онҳо тибқи талаботи меъёр  бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин мешавад.

Ширкат  инчунин хизматрасонии  машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд.  Дар доираи лоиҳа омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири  «Душанбе — Ваҳдат — Кӯлоб -Хоруғ — гузаргоҳи Қулма (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин — Шкев)»  ва масири «Ваҳдат – Рашт — Лахш — сарҳади  Қирғизистон (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади  Қирғизистон)» ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

        АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2023 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад