Дар Самарқанд масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ шуд

Октябрь 18, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иззатуллоҳ Зарғомӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайëҳии мамлакат  хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории судманд дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани роҳҳои нави муаррифии имкониятҳои сайëҳӣ ба ҷаҳонгардонро муҳим арзёбӣ намуданд.

Тарафҳо масъалаи соддагардонии низоми раводиди дуҷонибаро  барои афзоиши шумораи гардишгарони ду давлати бо ҳам дўст  — Тоҷикистону Эрон дар оянда судманд донистанд.

Иброз гардид, ки имрӯз сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои  сайёҳию фароғатии  Тоҷикистони офтобрўя  мароқ зоҳир намуда  истодаанд.  Бинобар ин, имкониятҳои мавҷуда дар ин самт бояд самаранок истифода бурда шаванд. Дар ин замина таъкид гардид, ки  иштирок ва муаррифӣ намудани зарфиятҳои нави сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон ба манфиати ду ҷониб хоҳад буд.

Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаи ташкили кумитаи муштараки техникӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст соли оянда дар Эрон баррасӣ гардад,  изҳори назар шуд.

Ҳамзамон дар доираи иҷлосияи 25 — уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайëҳӣ дар шаҳри Самарқанд мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо намояндагони якчанд давлати  аъзо баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо васеъ намудани доираи ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва пайдо намудани роҳҳои нави муаррифии имкониятҳои сайëҳӣ ба ҷаҳонгардонро муҳим шумориданд. Дар ин мулоқотҳо соддагардонӣ ва вобаста ба имконият аз байн бурдани он барои сайëҳон ба манфиати кор ҳисобида шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз ба мавзеъҳои сайëҳии Тоҷикистон ҷаҳонгардони олам таваҷуҳи хосса доранд ва имконоти мавҷуда дар ин самт бояд ҳарчӣ бештар истифода бурда шавад.

Ташкили намоишгоҳҳои байналмилалии зарфиятҳои сайëҳӣ як воситаи муҳим дар рушди минбаъдаи соҳа ҳисобида шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ