Дар шаҳраки Палоси Бӯстон оғози татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ оғоз гардид

Октябрь 8, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон татбиқи лоиҳаи шарикии давлат бо бахши хусусии «Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон» оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Ҳадафи асосии лоиҳа таъмини дастрасии доимии аҳолии ҷамоати мазкур ба оби тозаи нӯшокӣ маҳсуб мешавад.

Инчунин он ташкили идоракунии самараноки иншооти обтаъминкунии шаҳрак тавассути татбиқи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию эпидемиологии шаҳрак, ҷалби занон ва ҷавонон ба мониторинги сифати об ва хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии идоракунии низоми обтаъминкуниро дар бар мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Октябрь 8, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст