Дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» мавриди истифтода қарор гирифтанд

Октябрь 3, 2023 21:49

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмонхонаҳои «Ватан» ва «Boshidan» ба истифода супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи «Ватан» дар масоҳати умумии бино 580 метри мураббаъ сохта шудааст. Бинои меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии бинои мазкур аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудаанд.

Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якум ва тагхона мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва таҷҳизотҳои маишӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисмати болои бино меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст.

Бунёд шудани меҳмонхона бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва тагхона зиёда аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи «Boshidan» низ дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ дар масоҳати 300м2 анҷом дода шудаанд.

Масоҳати умумии бино 1080 метри мураббаро ташкил медиҳад. Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ҷои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасони меҳмонхона сохта шудаанд. Дар қисмати болои бино, дар ошёнаи 2 ва 3 меҳмонхонаҳо бо тарҳи замонавӣ сохта шудаанд.

Бунёд шудани меҳмонхона зиёда аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 3, 2023 21:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд