Дар Шаҳринав фаъолияти комиссияи даъватии ноҳия санҷида шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав вохӯрии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, полковники адлия Шуҳрат Шарифзода бо Комиссияи даъватӣ, Комиссияи тиббӣ ва аъзои он доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ Шуҳрат Шарифзода оид ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар даъвати тирамоҳии соли 2023 сухан гуфт.
Ӯ ҳамзамон фаъолияти комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳринавро санҷида, пешниҳоди худро дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда дар ин самт баён дошт.
Таъкид карда шуд, ки мушкилоту қонунвайронкуниҳо дар ин самт бартараф гардида, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо риояи талаботи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






