Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт мағозаҳои корхонаи «Қолинҳои Душанбе» кушода мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе» дастур доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Хоруғ, Ваҳдату Ҳисор ва Бохтару Рашт низ марказҳои фурӯши қолинҳо таъсис дода шаванд, то сокинон ба қолинҳои замонавӣ дастрасии бештар пайдо намоянд. Дар ин хусус имрўз, зимни ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, гуфта шуд.
Зимни ба истифода додани корхонаи мазкур тазаккур дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» аллакай ба ҳаҷми истеҳсолоти ширкати «Қолинҳои Қайроқум» наздик шудааст, ки ин раванд нишона аз хуб ба роҳ мондани тавлидоти маҳсулот ва рақобатпазир истеҳсол шудани он мебошад.

ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар пойтахти мамлакат ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон мағозаҳои махсуси худро фаъол сохтааст, ки дар он маҳсулоти корхона ба фурӯш гузошта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандагии роҳбарияти ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»-ро шоистаи таҳсин хонда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии ҳадафи муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд






