Дар Суғд бо соҳибкорони Узбекистон оид ба ҳамкории минбаъда мулоқот баргузор гардид

Октябрь 23, 2023 11:56

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Узбекистонро бо роҳбарии Гузал Тоҷимирзоева вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавсеаи робитаҳои бисёрҷонибаи ду давлати дӯст идома дорад.

Вилояти Суғди Тоҷикистон бо бисёр вилоятҳои Узбекистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар доираи созишномаҳои давлатӣ соҳибкорони ду мамлакат тарҳҳои муштаракро амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон корхонаи арматурбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Маҳмуд ва компания» таъсис дода шуд. Корхона соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.

Дар ин корхона тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамғаи (маркаи) 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.

Соҳибкорони узбек омодагии худро ба тақвияти ҳамкорӣ баён доштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 23, 2023 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст