Дар Суғд давоми нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст

Октябрь 12, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд давоми давраи ҳисоботӣ- январ-сентябри соли равон 982 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст.​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии мамлакат метавонад дар пешбурди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад».

Бояд гуфт, ки дар бахши энергетикаи мамлакат таъсири ангишт бағоят калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи он тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Истеҳсоли ангишт барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар давраи тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муҳим аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»