Дар Суғд масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид

Октябрь 9, 2023 11:59

 ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Суғд масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардида, оид  ба густариши равобити дӯстона байни роҳбарияти вилояти Суғд ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ дошта, саҳми Олмон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва барои ҷомеа муфид назаррас аст. Аз ҷумла, нақши Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар амалишавии тарҳҳо ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд шоистаи ёдоварӣ аст.

Дар вилояти Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд намуда, имконият барои амалисозии лоиҳаҳои нав фаровон аст. Вилоят метавонад барои ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо минтақаҳои гуногуни Олмон​ робита барқарор намояд.

Ҳамзамон ҳамасола садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар менамоянд. Дар ин бахш низ метавон робитаҳоро мустаҳкам намуда, барои ҷалби сайёҳон аз Олмон корҳои муҳимро амалӣ сохт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истиқболи самимӣ изҳори хушҳолӣ намуда, омодагии худро барои боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои дӯстона баён дошт.

Дипломати олмонӣ зимни сафар бо якчанд минтақаҳои сайёҳиву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят шинос шуд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 9, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид